Аспи мутааллиқ ба Беҳзод Файзуллоев, роҳбари ширкати мобилии «Вавилон» бо лақаби «Варс» дар пойгаи аспдавонӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз дар маҷмааи «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор шуд, ғолибият ба даст овард.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, масофаи пойгаи аспдавонӣ 2 ҳазору 200 метрро ташкил дода, дар он 80 асп аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Нуробод, Ховалинг, Балҷувон ва ғайра рақобат кардаанд.
Ғолиби пойга, соҳиби аспи «Варс» - Беҳзод Файзуллоев ба сифати шоҳҷоиза бо аспи сафеди зоти тоҷикӣ сарфароз гардонида шудааст.
Қобили зикр аст, ки аспи «Варс» 9-сола буда, дар чунин мусобиқаҳо бори дуюм иштирок мекунад. Қаблан ин асп дар пойгаи аспдавонии соли 2013 низ ғолиб омада буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста