Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Агентии рушди байнулмилалии ИМА (USAID) дар Тоҷикистон ва ТҚХ «ИМОН Интернешнл» озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол» Ҷоизаи «Фараҳ-2016»-ро эълон мекунад.
Ҳадафи аслии озмуни мазкур ҷалби таваҷчуҳи ҷомеа ба рушди соҳибкорӣ миёни занон ва мушкилоти бо шуғл фаро гирифтани онҳо, муайян кардани пешво ва роҳбарон миёни занҳои соҳибкор ва таблиғи таҷрибаи онҳо миёни ҷавонзанони кишвар мебошад.
Бо мукофот қадрдонӣ шудани соҳибкории занон ба баҳодиҳӣ ва эътирофи навгониҳо, саъйу кӯшиши занон ба такмил ва арзёбии нақши муҳими зан дар ҷомеа имкон медиҳад.
Озмун аз рӯи 6 номинатсия доир мегардад:
- Соҳаи истеҳсолот;
- Соҳаи хизматрасонӣ;
- Соҳаи зебогӣ, мӯд, дизайн ва ҳунармандӣ;
- Соҳаи кишоварзӣ;
- Соҳаи хизматрасониҳои тиббӣ ва маориф;
- Оғози тиҷорати нав - старт-ап.
Дар доираи озмун ҳавасманд сохтани тиҷорати занон аз ҷониби Комиссияи коршиносон дар назар аст, ки аз рӯи номинатсияҳо ғолибони озмунро муайян мекунанд. Барои инъикоси васеъ ва намоиши дастовардҳои занони соҳибкори тоҷик нашри маҷалла ва наворбардории филм дар нақша аст. «Фараҳ-2016» замина барои таҳкими шабакаи занони соҳибкор хоҳад шуд, ки ба роҳандозии робитаҳои корӣ, табодули таҷриба ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон мусоидат мекунад.
Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон аз занони соҳибкори Тоҷикистон даъват мекунад, ки дар ин озмун фаъолона ширкат варзанд. Ин имкони бузургест натанҳо барои табодули таҷриба дар роҳи комёбӣ, балки воситаест низ баҳри ба даст овардани донишу малакаҳои тоза, омӯзиши фаъолияти муваффақи занони соҳибкори кишварҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳӣ ва мусаллаҳ гардидан бо нерӯи нав баҳри пешрафт ва рушди тиҷорати худ.
Дастгирии ҳамдигарии занони муваффақ, илҳом бахшидан ба ҷавонзанони соҳибкор ва намунаи ибрати онҳо будан муҳим аст. Озмуни «Фараҳ-2016» аҳаммияти соҳибкории занон дар иқтисоди кишварро намоиш хоҳад дод, ки ба таври шоиста аз ҷониби ҷомеа баҳогузорӣ хоҳад шуд.
Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷчатҳо - 1 июни соли 2016.
Маълумоти муфассал дар сомонаи www.nabwt.tj (гӯшаи Фараҳ).




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста