Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 28 март машварати кории мақомоти шаҳрдории пойтахтро баргузор намуд, ки дар он мушкилоти марбут ба ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар шаҳр баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар муҳлати як моҳ оид ба ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба фаъолияти хатсайрҳои ғайриқонунии нақлиёти ҷамъиятӣ ва таваққуфи стихиявии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди истгоҳҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии серанбӯҳи аҳолӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҳар моҳ доир ба масоили ҳимояи ҳуқуқи мусофирон, риояи меъёрҳои санитарӣ ва реҷаи кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба раиси шаҳр маълуомт пешниҳод карда шавад.
Бо мақсади таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳимояи амнияти шаҳрвандон, раиси пойтахт дастур дод, ки дар ҳамаи масҷидҳои расман амалкунандаи шаҳр аз ҳисоби худи масҷидҳо камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои металлӣ насб карда шавад.
Ҳамзамон супориш дода шуд, ки чунин муқаррарот дар муассисаҳои тиббӣ ва маориф, тарабхонаҳо, марказҳои савдою маишии шаҳр ҷорӣ ва назорати фаъолияти доимии онҳо аз ҷониби сохторҳои зидахл комилан таъмин шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста