Федератсияи байнулмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Фонди русиягии «СПИД инфосвязь» дар бораи ифтитоҳи Маркази иттиилоотӣ-маърифатӣ барои муҳоҷирони корӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.
Маркази мазкур дар доираи амалисозии Барномаи Русия «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо ВИЧ/СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ» боз шуда, дар он ифтитоҳи марказ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки шумори бештарини муҳоҷирони корӣ дар Русияро дорад, пешбинӣ шудааст.
Дар марказ хизматгузориҳои беҳбуди сатҳи огаҳӣ ва омодагӣ то ба сафари муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, баланд бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони имконпазир оид ба масоили пешгирӣ аз бемории СПИД ва сил, ташаккули малакаҳои масъулият доштан ба солимии худ, азхуд кардани қонунгузории будубош дар Русия ва дигар масоили ҳуқуқӣ пешниҳод мешаванд.
Ҳамчунин дар марказ ба масъалаҳои ба омӯзиши забони русӣ фаро гирифтани муҳоҷирони имконпазир ва асосҳои кор бо компютер ҳамчун омилҳои муҳими мутобиқшавии муҳоҷирони корӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста