Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 4 апрел ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масоили омодагӣ ба иҷлосияи навбатии санаи 14 апрел таъиншудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.
Тавре аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» хабар доданд, М.Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ бобати иҷрои қарор «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» дастуру супоришҳо додааст.
Раиси пойтахт ҳамчунин дастур додааст, ки зимни ивази номи кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳо дар навбати аввал пешниҳодҳои аҳолӣ ва мутобиқати он ба талаботи таъриху фарҳанги миллӣ ба инобат гирифта шавад.
Дар ҷаласа бори навбатӣ масъалаи марбут ба фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт баррасӣ ва ба директори МД «Душанбенақлиётхидматрасон» Абдулҳақ Алиев ва сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт Файзиддин Камолов барои баратраф кардан камбудиҳо дар ин самт як моҳ муҳлат дода шуда, ба онҳо танбеҳи охирин эълон шудааст.
Раиси пойтахт дастур додааст, ки дар муҳлати як моҳ оид ба таъмини ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бо сарулибоси ягона ва хотима бахшидан ба истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти аудио ва видео дар нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Зимни ҷаласа дар дастгоҳи раиси пойтахт як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бо қарори раиси пойтахт, Анвар Шарифов - муовини раиси дастгоҳи мақомоти шаҳрдорӣ Саъдулло Қаюмзода - мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси пойтахт, Отамурод Бекмуродов - мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон ва Шаҳноза Раҳматуллоева - директори КВД Пажӯҳишгоҳи «Душанбешаҳрсоз» таъин шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста