Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номи як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе иваз шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ҳамин тариқ, кӯчаи Войков - ба кӯчаи Рӯҳафзо, кӯчаи ба номи Чайковский - кӯчаи ба номи ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) Наҷмиддин Абдуллоев, кӯчаи Панфилов - кӯчаи ба номи Бобо Ҷобиров, иштирокчии ҶБВ ва кӯчаи Мир - кӯчаи Чаманзор номгузорӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки маҳаллаи Мирзобеки шаҳри Душанбе ба маҳаллаи Гулобод табдили ном кард.