Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ кардани толибимони мактабҳои пойтахт, ки таҳсилро бо медалҳои тиллову нуқра хатм кардаанд, қарор ба имзо расонид.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои бо ин мукофот қадрдонӣ кардани толибилмон аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт 8,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Панҷ нафар толибилмони мактабро бо медали тилло хатмкарда ҳар кадоме бо 1 ҳазор сомонӣ ва боз ҳамин миқдор хонандагони мактабро бо медали нуқра хатмкарда ҳар кадоме бо 700 сомонӣ мукофтпулӣ қадрдонӣ мешаванд. Қобили зикр аст, ки аз 10 нафар толибилмони макотиби пойтахт, ки таҳсилро бо медалҳо хатм кардаанд, 9 нафарашон духтарон мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, хонандагони зерин имсол мактабҳоро бо медали тилло хатм мекунанд: Хиромон Розиқова, гимназияи №53; Фарангис Раҳимова, гимназияи №74; Азиза Алиева, гимназияи №74; Парвина Шарипова, мактаби таҳсилоти умумии №1 ва Рухмина Муллоева, литсейи №55.
Инҳо соҳиби медалҳои нуқра мешаванд: Нодирабегим Муллоҷонова, литсейи №1; Мадина Файзуллоева, гимназияи №2; Чаманоро Ҷонибекова, мактаби таҳсилоти умумии №54; Шаҳром Каромов, мактаби таҳсилоти умумии №56 ва Робия Каримова гимназияи исломии пойтахт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста