Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар робита ба таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мақомоти шаҳрдории пойтахт Дирексия оид ба ташкил ва баргузории Намоиши театришуда бахшида ба ин ҷашн таъсис дода мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҳайати дирексияи мазкур аз директори генералӣ, муовинони директори генералӣ оид ба корҳои эҷодӣ ва корҳои молиявӣ, директори техникӣ, роҳбари бадеӣ, роҳбари мусиқӣ, сарбалетмейстер ва саррассом иборат хоҳад буд.
Бо мақсади таъмини шаффофият ва интихоби мутахассисони беҳтарини дорои таҷрибаи роҳбарию тахассусии сатҳи муосирдошта барои ишғоли ин вазифаҳо комиссияи озмунӣ таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он адибони шинохта, рассомон, олимон ва ходимони маъруфи фарҳанги ҷумҳурӣ шомил мешаванд.
Дар озмун барои ишғоли вазифаҳо дар ин дирексия шаҳрвандони бо масоили эҷодӣ сарукордоштаи Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони кишварҳои хориҷӣ иштирок карда метавонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста