Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе имрӯз дар бораи табдили номи як қатор кӯчаву хиёбонҳои шахри Душанбе қарор қабул карда, яке аз кӯчаҳои пойтахт номи сиёсатмадори варзидаи тоҷик Сӯҳроб Шариповро гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе, тибқи ин қарор кӯчаи Шаумян дар ноҳияи Шоҳмансур, каме дуртар аз фурудгоҳ - ба кӯчаи Сӯҳроб Шарипов, собиқ роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, кӯчаи ба номи Олег Кошевой - ба кӯчаи ба номи Ваҳҳобҷон Иномов, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, кӯчаи Таманно - ба кӯчаи Само, кӯчаи Добролюбов - ба кӯчаи Садоқат ва кӯчаи ба номи Глинка - ба кӯчаи Нурафзо табдили ном карданд.
Ёдрас мекунем, ки Сӯҳроб Шарипов рӯзи 19 январи соли 2015 пас аз бемории начандон тӯлонӣ дар синни 52-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Тайи се соли ахири ҳаёташ ӯ ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон фаъолият дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста