Ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аввали ҳафтаи равон муроҷиати шаҳрванди ҶТ Кабирзода Ҳоҷимурод оид ба кумак расонидан ба фарзандаш Кабирзода Олимҷони Ҳоҷимурод барои интиқоли ӯ аз бемористони шаҳри Геленҷик ба бемористони шаҳри Краснодар ва ҷарроҳӣ намудани фарзандаш ворид гардид.
Тавре аз сафорати ҶТ дар Россия хабар доданд, аз муроҷиатнома маълум гардид, ки шаҳрванд Кабирзода Олимҷон, с.т 1996 ҳангоми машғули кор будан дар сохтмони баланд ошёна аз табақаи 5 ба замин афтода сутунмуҳра бо гарданаш шикаст хӯрдааст ва дар натиҷа фалаҷ гардидааст. Баъд аз муроҷиат ба духтур маълум гардид ки шаҳрванди мазкур эҳтиёҷ ба ҷарроҳӣ дорад ва ҷарроҳиро танҳо дар шаҳри Краснодар метавон анҷом дод ва маблағи ҷарроҳӣ тақрибан 300 000 рубли русиро ташкил медиҳад.
Дар ин робита, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Консули фахрии Тоҷикистон дар Краснодар ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Краснодар супориш дод, ки барои расонидани мусоидати лозима ба шаҳрванди муроҷиаткарда чораҳои лозима андешида шаванд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби Консули Фахрии Тоҷикистон дар Краснодар ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрванд Кабирзода Олимҷон аз бемористони ш. Геленҷик ба бемористони ш. Краснодар интиқол гардид ва бо ҷалби диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ маблағ барои ҷарроҳӣ ба андозаи 300 ҳазор рубл ҷамъоварӣ шуда, ба бемористон дастрас гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки рӯзи 14 апрел ҷабридидаро ҷарроҳӣ намуда, айни замон вазъи саломатии ӯ муътадил мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста