Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки санаи 14 апрел доир гардид, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки шурӯъ аз 20 апрел то 31 август ҳамарӯза ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатиии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт иттилоъ дод, дар ин робита М.Убайдуллоев ба муовинони худ супориш додааст, ки дар ин муддат ҳар ҳафта рафти омодагии шаҳр ба ҷашни асосии ҷумҳуриро назорат кунанд. «Худи раиси шаҳр ҳар моҳ ду маротиба шахсан омодагӣ ба ҷашни истиқлолиятро месанҷад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки санҷишҳои ҷараёни омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолият аз ҷониби комиссияҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи пойтахт низ сурат мегирад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста