Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14–уми апрели соли 2016 дар мавзӯи “Солонаи устод Айнӣ” сессияи илмӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии АИ ҶТ Сессияи илмиро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов ифтитоҳ намуда, перомуни хизматҳои барҷастаи устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон, адабиёт, таърих, фарҳанг ва илми тоҷик мухтасар сухан ронд.
Сипас, донишмандони шинохтаи ҷумҳурӣ Масрури Абдулло дар мавзӯи “Устод Айнӣ ва ғояи истиқлолхоҳии тоҷикон”, Абдунабӣ Сатторзода дар мавзӯи “Ҷанбаи миллии намунаи адабиёти тоҷик”, Тоҷиддин Мардонӣ дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ аз нигоҳи муҳаққиқи араб Ҷалил Камолиддин” ва Ҷамолиддин Саидзода дар мавзӯи “Айнӣ ва тақлиди Бедил” оид ба фаъолияти пурмаҳсули сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда, саҳми устод Айниро ҳамчун адиб, муҳаққиқи тоҷик махсус қайд карданд.
Дар охири Сессияи илмии “Солонаи устод Айнӣ” қироати порчаҳои назмию насрӣ аз эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ аз тарафи аспирантон ва магистрони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Адиба Азизова, Насима Қосимова, Гулзира Каримова ва Озодамо Қодирова шунида шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста