Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон як давраи омӯзишии муштарак барои духтурони кӯмакҳои фаврӣ дар ҳолати чароҳатҳои васеъ баргузор мекунад. Давраи омӯзишӣ аз 20 то 22 апрели соли 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегардад.
Омӯзиши иқдомоти таъҷилии тиббӣ дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ барои 20 духтури бахши фавриятӣ аз вазоратхо ва дигар муассисаҳо баргузор мегардад. Ин омӯзиш дар асоси принсипҳои эътирофшудаи байналмилалии ташхис ва табобати фаврии одамон аз захмҳои вазнин, ки дар давраи низомӣ ва шаҳрвандӣ гирифта шудаанд, асос мегирад.
Моҳи марти соли равон ҳамин намуд омӯзиш дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд. То ба имрӯз, 111 нафар табибони ҷумҳурӣ қобилияти худро оид ба кӯмакҳои фаврӣ дар ҳолати чароҳатҳои васеъ, ба воситаи омӯзишҳои КБСС, ки аз соли 2014 амалӣ шуда истодаанд, такмил додаанд.
Баргузории ин омӯзиш бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъӣ имконпазир шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста