Анонс  

- Дар Ереван машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар масоили ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷии кишварҳои Созмон баргузор мешавад;

- Дар Тоҷикистон размоиши муштараки нерӯ ва воситаҳои иктишофии кишварҳои узви СААД - «Ҷустуҷӯ-2016» идома меёбад.  

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8696 сомонӣ;

1 евро – 8.8997 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1151 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1935 – Дар ИҶШС ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Спартак» таъсис ёфт.

1970 – Дар ИҶШС автомобили нахустини навъи ВАЗ-2101 «Жигули» истеҳсол карда шуд.

2008 — Дар Душанбе фестивали байнулмилалии косибони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон ба кор шурӯъ кард.

2012 — Дар вилояти Суғд нисбати гурӯҳи иборат аз 34 нафар ба иттиҳоми робита доштан бо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҳукм содир шуд.

2014 — Яке аз собиқадорони журналистикаи ҷумҳурӣ, собиқ директори Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА) Зайниддин Насриддинов дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

1904 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии ИҶШС Ғуломҳайдар Ғуломалиев.

1908 – Мавлуди доктори улуми биология, профессор Ориф Шукуров, ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (солҳои 1953-1957), Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон (солҳои 1944-1953; 1961-1969).

1950 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев.

1962 – Мавлуди доктори улуми техникӣ Зайналобиддин Кобулиев.

1970 — Зодрӯзи журналист Манижа Қурбонова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +15+20; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона +3+8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14 рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10 рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +11+13 рӯзона+21+23.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +15+17.