Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» аз вазъи озодии ВАО дар соли 2015 натиҷагирӣ кард. Дар гузориши интишоршуда дар сомонаи созмон қайд мешавад, ки дар саросари ҷаҳон сатҳи озодии матбуот поин рафта, озодии ВАО «афтиши амиқ ва нигаронкунанда»-ро аз сар мегузаронад.
Дар Индекси ҷаҳонии озодии матбуот -и гурӯҳи журналистии ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» зикр мегардад, ки дар муқоиса бо соли 2014 рейтинги Тоҷикистон якбора 34 банд поин рафта, акнун миёни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 150-уми раддабандиро ишғол мекунад.
Тибқи маълумоти муҳаққиқон, дар Туркия, Лаҳистон (Полша), Тоҷикистон ва Миср мақомоти давлатӣ маҳдудиятҳо ба кори журналистонро пурзӯр намуданд. ВАО-и мустақил низ нисбат ба пешин мавриди фишори «идеологияи динӣ» ва «мошинҳои бузургмиқёси таблиғотӣ» қарор мегиранд.
«Дар саросари ҷаҳон олигархҳо васоити ахбори умумро харида, фишорро роҳандозӣ мекунанд, ки ба фишори ҳукумат тавъам мешавад», - қайд мешавад дар гузориш.
Гуфта мешавад, Русия танҳо 4 банд рейтинги худро боло бурда, акнун зинаи 148-умро касб кардааст. «Воқеъан таъқиби журналистоне, ки ҳукуматдоронро дар Русия танқид мекунанд, танҳо тақвият ёфта, ба вазъи озодии ВАО таъсири манфӣ мерасонад», - чунин мешуморанд муаллифони гузориш.
Миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ журналистон дар Эстония (зинаи 14-ум) бештар худро озод эҳсос мекардаанд.
Муҳаққиқони созмони «Хабарнигорони бидуни марз» вазъ дар ИМА аз рӯи ин масъаларо «қаноатбахш» (зинаи 41-ум) арзёбӣ намудаанд.
Миёни кишварҳое, ки аз ҳама бештар ба озодии матбуот арҷу этиром мегузоранд, Финландия, Нидерланд, Норвегия, Дания ва Зеландияи Нав номбар шудаанд.
Зинаҳои охирини рейтингро бо монеъаҳои бештарин барои фаъолияти журналистон Чин, Сурия, Туркманистон, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея ишғол кардаанд.
Дар байни давлатҳое, ки соли 2015 аз ҳама бештар ба афтиш дучор шудаанд, Тоҷикистон низ ҳузур дошта, ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқ, президент Эмомалӣ Раҳмон мубориза бо терроризмро барои таъқиби гуногунандешӣ истифода кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста