Маркази Лев Гумилёв, як созмони мардумшиносӣ(этнографӣ)-и Русия, ки таърихи пайдоиш ва одату анъанаҳои халқҳои АвроОсиёро таҳқиқ мекунад, дараи Ширкенти ноҳияи Турсунзода, воқеъ дар тақрибан 70-километрии ғарби Душанберро ба маҳзи беш аз 400 изи пои динозавр, ки дар инҷо ёфт шудааст, ба “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон” шомил кард.

Анна Королевская, ҳамоҳангсози Маркази Лев Гумилёв дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, як далели аслии ба ин «Харита» шомил шудани дараи Ширкент дар баробари табиати зебову нотакрораш беш аз 400 изи пои динозавр буд, ки палеонтологҳо дар дараи Ширкент дар соҳили дарёи Харгӯш пайдо кардаанд.
“Аъзои маҳфили Лев Гумилёв дар Душанбе ба раҳбарии Олга Ладигина рӯзи 16 апрел ба дараи Ширкент сафар карданд ва аксҳои зиёде оварданд. Аз ҷумла аксҳои 29 изи пои динозавр дар лаби дарёи Харгӯшро. Ба ин далел, дараи Ширкент ҳам ба “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон” шомил карда шуд”, - иброз доштааст ӯ.

“Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон”, ки аз сӯи Маркази Лев Гумилёв таҳия шуда, рӯзи 31 январи соли ҷорӣ дар Маскав муаррифӣ шуд, дар ҳоли ҳозир, бар изофаи дараи Ширкент ҳамчунин дараи Яғнобро, ки мардумаш бо як гӯиши бостонӣ ҳарф мезананд, Искандаркӯл, обанбори Норак ва Бадахшонро бо маконҳои зебои табииву таърихиаш дар бар мегирад.

Абдувоҳид Собиров, палеонтологи шинохтаи тоҷик ва корманди озмоишгоҳи палеонтология ва стратиграфияи Пажӯҳишгоҳи геологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ки дар бораи динозаврҳои ҳавзаи Ширкент чанд кори илмӣ навиштааст, рӯзи 22 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба ҷуз аз Ширкент изи пои динозаврҳо дар рустои Равоти водии Зарафшон, кӯҳҳҳои Боботоғ ва дар Тавилдара ҳам ёфт шудаанд.

Олга Ладигина, раҳбари маҳфили Лев Гумилёв дар Душанбе мегӯяд, дар се гӯшаи дараи Ширкент – дар лаби дарёи Харгӯш, яке аз шохобҳои рӯди Ширкент, дар соҳили чапи худи Ширкент ва дар қаламрави рустои Пашми Кӯҳна – дар маҷмӯъ беш аз 400 изи пои динозаврҳоро сабт кардаанд. Аъзои экспедитсия 29 изи динозавр дар лаби дарёи Харгӯшро ба чашми худ дидаву акс ҳам гирифтаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста