Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон” баргузор гардид.
Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронс масъулини Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, идораҳои марбутаи давлатӣ ва сафирону намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ иштирок доштанд.
Сараввал президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки дар кишвари ба мо ҳамсарҳад Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мутаассифона дар давоми 37 сол нооромии сиёсӣ ҳукмфармост. Масъалаи амният ва оромиву осудагии Афғонистон яке аз масъалаҳои хеле муҳим буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин масъала бетараф нест.
Дар Конференсия Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Абдулғафур Орзу қайд намуд, ки дар вазъи ҳалли қазияи сиёсии Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд саҳмгузор бошанд. Бояд иқрор кард, ки агар ҷисман гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” аз ҷониби нерӯҳои ҳарбии Федератсияи Россия маҳв шуда бошад, аммо идея ва идеалогияи он дар мафкураи баъзе инсонҳо боқӣ мондааст.
Дар Конференсияи байналмилалӣ сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Ғоибов, мудири Маркази таҳлил ва ояндабинии “Отрытый Мир” (Қазоқистон) Олжас Сулейменов, муовини директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сафолзода, Сардори шуъбаи Ситоди генералии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Хуршед Шозедов ва дигарон дар мавзӯъҳои гуногуни “Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон” суханронӣ карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста