Сохтмони аквапарки Душанбе, рӯ ба рӯи Боғи ҳайвоноти шаҳр дубора аз сар гирифта шуд.
Сардори Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории Душанбе Нодир Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои идомаи сохтмони иншооти мазкур имсол аз буҷети шаҳр ҷудо гардидани ҳудуди 28 млн. сомонӣ воситаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба гуфти манбаъ, корҳои сохтмон дар иншоотро асосан ширкатҳои сохтмонии ватанӣ ба иҷро расонида, расонидани таҷҳизоту аттраксионҳо ва ҷамъу насби онро яке аз ширкатҳои итолиёвӣ ба уда гирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки бунёди аквапарки пойтахт ҳанӯз соли 2003 аз ҷониби ширкати туркии «Эмек Прожект Лимитед Ширкати» оғоз гардида, вале ширкат уҳдадориҳои худро оид ба сохтмони иншоот ба иҷро нарасонид.
Пас аз 5 моҳи имзои қарор ширкати туркӣ бо ишора ба ҳолати ғайримунтазира корҳои сохтмонро қатъ намуд. Моҳи феврали соли 2003, замони имзои қарордод ширкат ният дошт, ки масолеҳи сохтмонро аз Русия харидорӣ намояд, вале моҳи дигар нархи онҳо 200% боло рафта, он сабаби қатъи корҳои сохтмонӣ шуд.
Аквапарк яке аз таркибҳои маҷмааи «Пойтахт-80» мебошад, ки ифтитоҳи он бояд 15-уми ноябри соли 2004 доир мегардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста