Cафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ҳамроҳ бо ҳафтумин Котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон ва Директори генералии ҳафтаномаи “Имрӯз News” Муним Оламов дар маросими расмии ба истифода додани дастгоҳи нави чопӣ, ки барои васоити ахбори оммаи мустақил пешбинӣ шудааст, ширкат варзиданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон хариди дастгоҳи мазкурро маблағгузорӣ намудааст. Дувоздаҳ созмонҳои журналистӣ ва васоити ахбори омма, ки ба узвияти Медиа Алянс шомил ҳастанд, аз дастгоҳи мазкур барои чопи нашрияҳои худ истифода хоҳанд бурд.
Бо зикри он, ки 3-уми май Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот таҷлил мегардад, сафир Миллард дастгирии ҳукумати ИМА аз озодии матбуотро таъкид намуда, минҷумла зикр кардааст: “Озодии баён яке аз арзишҳои асосии кишвари мо маҳсуб меёбад ва ба тарғиби он дар Тоҷикистон низ мусоидат менамоем . Умедворем, ки ин дастгоҳи чопӣ барои рушди оҷонсиҳои иттилоотии кишвар мусоидат намуда, дастрасиро ба иттилоот беҳтар мегардонад. Инчунин теъдоди хонандагонро барои мутолиаи ҳаррӯзаи рӯзномаҳо меафзояд”.
Хонум Милард қайд намуд, ки дастгоҳи чопии мазкур танҳо яке аз кӯмакҳои сершумори бебозгаштест ки Ҳукумати ИМА ба васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҳадя намудааст.
Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳида маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро тавассути кӯмакҳо ҷиҳати дастгирӣ намудани рушди иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ҷудо намудааст.




Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста