Роҳбари Фонди «Муҳоҷират асри XXI» Александр Поставнин пешниҳод кардааст, ки вазифаҳои назорати муҳоҷирон ба ихтиёри Вазорати рушди иқтисоди Русия дода шавад. Ин пешниҳодро ӯ ба дастгоҳи президенти Русия ирсол намудааст.
Нашрияи «Известия» дар ин робита менависад, номбурда таъкид доштааст, ки муҳоҷират бояд ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нигаронида шавад, аз ин рӯ назорати онро низ бояд вазорати дахлдор ба анҷом расонад.
«Айни замон сиёсати муҳоҷират баҳри ба даст овардани фоида равона шудааст, ки корфармоён барои истифодаи кори муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Хадамоти федералии муҳоҷират пора дода, кормандони хориҷии мустақил худашон ба кормандони пулис моҳе то 500-1000 рубл медиҳанд, то ки ғайриқонунӣ ба корашон идома диҳанд», - иброз доштааст ӯ.
Александр Поставнин бар ин назар аст, ки Русияро зарур аст, ки аз усули қонунӣ будани ҳузури муҳоҷирон даст кашида, ба мувофиқи мақсад истифода бурдани кори онҳо чун дар ИМА ва Исроил гузарад.
Роҳбари фонд пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирон ба минтақаҳои камаҳолӣ даъват шуда, ба онҳо дар бахши кишоварзӣ кор пешниҳод гардад, то ки тиҷорати хурду миёна инкишоф ёбад. «Феълан бисёре аз муҳоҷирон дар гӯшаву канори Маскав ва шаҳрҳои вилояти Маскав мутамарказ шудаанд», - афзудааст номбурда.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел бо фармони президенти Русия Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ) барҳам дода шуда, иҷрои вазифаҳои он ба дӯши Вазорати корҳои дохилӣ вогузор шуд.
Бино ба маълумоти ХФМ, айни замон ҳудуди 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору таҳсил ва зиндагӣ дошта, маблағҳои пулие, ки ҳамасола онҳо ба ватан интиқол медиҳанд, аз 35 то қариб 50%-и Маҷмӯи маҳсулоти доихлии кишварро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста