Мансабдорон аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд муътақиданд, ки барои суханронӣ назди Ҷаноби Олӣ мебояд симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро дошт.
Рӯзи панҷшанбе хабаргузории «Озодагон» дар бораи қазияи сокини ноҳияи Мастчоҳ Шаҳнози Ниёзбоқӣ иттилоъ дод , ки ба ӯ барои иштирок дар вохӯрии ҷавонон бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 марти соли 2016 дар доираи ҷашни Наврӯз дар маркази ноҳия - шаҳраки Бӯстон иҷозат надодаанд.
Ӯ ба «Озодагон» гуфтааст, чанд моҳ қабл аз сафари Президент омодагӣ гирифта, «бо чашмони худаш дидааст, ки дар рӯйхати пешниҳодшуда барои суханронӣ кардан, номи ӯ ҳам ҳаст, лекин баъдан онро аз феҳраст берун кардаанд».
Ш.Ниёзбоқӣ вақте барои фаҳмидани сабабҳои ин ҳолат ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардааст, барояш гуфтаанд, дар вилоят чунин тасмим гирифтаанд. «Назди раиси вилоят рафтам, гуфтанд, ки шуморо бори аввал мебинем ва рӯйхат аллакай пешниҳод шудааст», - иброз доштааст ӯ.
Пас аз ин ӯ аз ҳукумати ноҳия посухи хаттӣ хоста, дар посух бо имзои муовини раиси ноҳия Умарзода В.В. зикр шудааст, ки «барои суханронӣ назди Ҷаноби Олӣ мебояд симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро дошт». «Дар озмуни баромад назди Президент зиёда 30 довталаб ширкат варзидаанд, ки аз ин танҳо 3 нафар гузашт», - таъкид шудааст дар посухи мансабдор.

Номбурда гуфтааст, баъди дастрас шудани посух хоҳиш кардааст, ҳадди ақал ҳамчун иштирокчии қаторӣ вориди базмгоҳ шавад, аммо муваффақ нашудааст.
Ш.Ниёзбоқӣ аз эҳтимол дур намедонад, ки дар ҳукумати ноҳия гумон кардаанд, дар назди Президент аз кадом мушкили худ ҳарф мезанад, аз ин рӯ номашро аз рӯйхат берун карда, ҳатто иҷоза надодаанд, ки ба майдони баргузории чорабинӣ ворид шавад.
«Дар ҳукумати ноҳия фикр кардаанд, ки ман дар назди Эмомалӣ Раҳмон аз марги падарам соли 1998 ҳангоми исёни Маҳмуд Худойбердиев дар Суғд қисса мекунам. Вақти озмун шунидам, ки як намояндаи ҳукумат гуфтааст, ин духтар рӯзҳои сахтро дидааст, мабодо аз куштори падараш ҳарф назанад? Боз фикр мекардаанд, шояд ман аз Президент хонаи истиқоматӣ талаб мекунам», - гуфтааст Ш.Ниёзбоқӣ.
Аммо ба гуфтаи Шаҳноз, ҳадафи ӯ ба президент изҳори сипос карданӣ будааст, зеро зимни сафар ба ин ноҳия дар соли 2007 сарвари давлат ӯро ба рӯйхати квотаи президентӣ дохил карда, бо шарофату дастгирии президент соли 2012 мактаби олиро хатм кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Каричон2 май, 2016 01:09
Чаро шахноза махз мактуби Умароваро нишон додааст. Чаро одди карда ариза нанавиштааст? Хамаи ин суолеанд, ки хеч кас намехохал гуш кунад. Просто барои хама лозим аст, ки махз Умарова дар марказ бошад. Максад як аст. Уро аз вазифа задан ва сипас дар чояш одами худро карор додан. Албатта ин шахс кайхо дар сатхи нохия маълум ва у аз дасисаи Азия - Плюс, Озодагон, Озоди ва гайра истифода карда истодааст. Рафтани умарова аз вазифа муаммои вазнин нест. Хамаги аз ва талаб кардан зарур аст, ки ариза дихад. Аммо чаро ин корро анчом додан барои МИХД нохияи Мастчох, душвор аст. Не. Инчо гап сари бо дасти атрофиён задани Умарова аст. Хама медонанд, ки Ниёзова Шахноза шогирди Умарова аст. Хамчунин онхо хешу табору ва замоне хатто хамчоя дар як мактаб кор кардаанд. Шумо бовар доред, ки чунин амалро кардан барои шахноза осон аст. Албатте не. Маълум аст, ки ин кори дигар шахс аст, ки мехохад, бо ин васила ба креслои мансаби шинад. Дар ин вазифа чанд шахс талош доранд. Холо на баъди он ки Умарова рафт баъд бахси хакики руй хохад зад. Раиси нохия кадом як хеши худро ба ин мансаб тела хохад дод. Дар ин муддат Азия-плюс, Озодагон ва Озоди хамчун сипар истифода хоханд шуд.
Умарзода З.В.29 апрел, 2016 18:18
Ман Умарзода Зайнура Васлӣ – муовини Раиси ноҳияи Мастчоҳ мебошам. Зани озод ва ватандусти миллат. Мо мардуми Мастчоҳ ифтихорманд ҳастем, ки Пешвои Миллат Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия сафар намуда, ба мардуми меҳнатқарини он илҳому нерӯ ва қуввату мароми нав бахшиданд. Ободкориҳои зиёдро дар ноҳия агар касе дида натавонад, ӯ курдил аст. Номаи навиштаи Шаҳноза маро ба ҳайрат овард. Ин духтар шогирди ман буд. Вале ҳайронам, ки бо дасисаҳои иддае, ки мани зани оддӣ ва соҳибмаърифатро дар ин мансаб дидан намехоҳанд, ба ғаразҳои онҳо дода шуда, беасос ҳангома хезонидааст. Аввал ин ки ҳеҷ як баромади сокинон дар нақша набуд. Ҷаноби Олӣ аз ҳайкали Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ карданду чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ анҷом ёфт. Ягон нафар ҳам сухан накардааст, магар ки Шаҳноза. Агар мақсади Шаҳноза сухан гуфтан мебуд, ба мулоқоти озоди Сарвари давлат ҳангоми ифтитоҳи мактаби деҳаи Андарвашт мерафт ва озодона фикрашро баён мекард, чун нафароне, ки озодона онҷо сухан гуфтанд. Нисбати мактуб гуфтаниям, ки ба дасисаи афроди ғаразманд нисбати вазифаи ман даромада, бланкаи мақомотро аз касе ёфта, мактуби ҷавобии маро ба дигар мазмун гардонида, имзои қалбаки гузошта ба сомонаҳо равона кардааст. Доир ба масъалаи симои ориёӣ доштан, қоматбаланд будан дар озмуни интихоби раққосаҳо эътибор дода шуда буд, на дар ягон озмуни дигаре, ки Шаҳноза ҳамаро ба гумроҳи бурдааст. Озмуни раққосаҳоро озмуни баромадкунандагон арзёби кардан ин аз иштибоҳи бузурги Шаҳноза аст. Асли мактубро ба почтаи электронии сомона пешниҳод мекунам. Доир ба ин амали барқасдона ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардам ва албатта ҳақро ба ҳақ мерасонам. Мо мардуми Мастчоҳ аз ташрифи Ҷаноби Олӣ сипосгузорем, аммо ҳайфи нафароне, ки дар дил ғаразу кина ва адоват доранду шаъну эътибори мардуми Мастчоҳро бо истифода аз ин ҳолатҳои нозук паст мезананд. Боқи қазоват аз ту хонандаи азиз!