Анонс
- Вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон бори дуюм зимни ҷаласа дар Женева баррасӣ мешавад;
- Эътилофи ТҒД пахши мустақими ҷаласаро тариқи интернет ташкил мекунад. Пахши мустақим соати 17-30 бо вақти маҳаллӣ дар толори маркази тиҷоратии «Вефа» (кӯч. Бохтар, 37/1) сурат мегирад;
- Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни намоишгоҳ-фурӯши маҳсулот ва хизматгузории ширкатҳои ватанӣ доир мегардад. Онҳо бо диплом ва ҳайкалчаи «Тамғаи дӯстдоштаи Тоҷикистон-2015» - рамзи озмун сарфароз гардогида мешаванд;
- Идомаи намоишгоҳи маҳсулоти ватанӣ дар «Кохи Борбад». Намоишгоҳ аз соати 10-00 то 17-00 фаъолият намуда, воридшавӣ ба он озодона аст.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8694 сомонӣ;
1 евро – 8.9987 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1162 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1818 – Дар Париж велосипеди нахустин намоиш дода шуд.
1953 – Бори нахуст дастгоҳи тиббии «шуш-дили сунъӣ» муваффақона зимни ҷарроҳӣ дар дили кушода санҷида шуд.
2002 – «Маҳдудиятҳои муваққатӣ»-и вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қазоқистон ва убури транзитии нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан тавассути қаламрави ҷумҳурӣ бекор карда шуд.
2009 — Суди олии ҶТ афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон Муҳаммади Салимзодаро, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон дар кӯшиши табадддулоти давлатӣ муттаҳам дониста мешуд, ба 29 соли зиндон маҳкум кард.
2011 — Суд фаъолияти Бюро оид ба машваратҳо, ташхиси лингвистикӣ ва таҳқиқоти журналистиро, ки муассиси ҳафтавори «Пайкон» аст, қатъ намуд.
1940 – Зодрӯзи рассом Вафо Назаров.
1942 – Мавлуди оҳангсоз Зокир Нишонов.
1950 – Зодрӯзи рассом Комил Ёдгоров.
1956 – Мавлуди овозхон Мурод Эшонқулов.
1965 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Муҳиддин Табаров.
1981 – Мавлуди варзишгар Шералӣ Маҳмадалиев.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27.
Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +6+11.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13 рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кутоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +27+29.
Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +31+33.
Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста