Миқдори навбатии кумаки башардӯстона аз Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода мешавад, ки аз 8 вагон бо маҳсулоти ғизойӣ ба маблағи умумии 873 ҳазор доллари ИМА иборат аст.
Тавре аз сафоратхонаи Қазоқистон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин кумак аз ҷониби намояндагони Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистн оварда шуда, ба ихтиёри Агентии захираҳои давлатӣ ва моддии назди ҳукумати Тоҷикистон супурда мешавад.
Моҳи марти соли 2015 ҷониби Тоҷикистон бо дархости расонидани кумак дар мавсими обхезӣ ба ҳукумати Қазоқистон муроҷиат намуд. Мактуб бо имзои нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба унвони нахуствазири ин кишвар Карим Масимов равона шуда буд.
Моҳи апрели соли 2015 ҳукумати Қазоқистон қарор «Дар бораи расонидаи кумаки башурдӯстона ба Тоҷикистон»-ро қабул карда, моҳи марти соли ҷорӣ муҳлати амали ин қарорро тамдид намуд. Моҳи апрел ҳукумати Қазоқистон дар бораи ҷудо кардани кумак ба Тоҷикистон «дар робита ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» қарори нав ба тасвиб расонид.
Қобили зикр аст, ки соли 2015 дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон аз 42 кишвари саросари ҷаҳон ба маблағи умумии 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид, ки аз ин миқдор 4,7 млн. доллари ИМА ё худ 9,5% ба ҳиссаи Қазоқистон рост меояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста