Як шаҳрванди Тоҷикистон бидуни ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар шаҳри Мурмански Русия дармонда, муддати чандин моҳ аст, ки ба ватан баргашта наметавонад.
Дар муроҷиатномаи интишоршуда ба ҳамватанон дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳамаи он касоне, ки зодаи шаҳри Конибодом Мамадов Аҳмад Ҳилоловичро мешиносанд, дархост кардаанд, ки аз худ дарак диҳанд.
Қайд мешавад, ки шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан дар ғуломӣ қарор дошт, айни замон дар шуъбаи амрози дарунӣ (терапевтӣ)-и бемористони шаҳри Мурманск бистарӣ аст. Аз ғуломӣ ӯро ҳомиёни ҳуқуқ раҳо карда, акнун чандин моҳ аст, ки дар бемористонҳо қарор дорад.
«Тамоми шаҳри Мурманск аз ин қазия хабардор аст ва ба афроде, ки ӯро дар ғуломӣ нигоҳ медоштанд, аллакай мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғуланд», - таъкид мешавад дар муроҷиатнома.

Ҳомиёни ҳуқуқ баъзе аз тафсилоти шахсияти ин шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор кардаанд. Ному насаби ӯ Мамадов Аҳмад Ҳилолович аст. Падараш - Ҳилол Набиев ва модараш Наргис Набиева буда, онҳо бо сурооғаи: вилояти Суғд, шаҳри Конибодом, кӯчаи Зелёная, хонаи 26 зиндагонӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ аз он дар тааҷҷубанд, ки консулгарии Тоҷикистон муддати як моҳ аст, ки дархост дар бораи ошкор намудани шахсияти Аҳмад Мамадов ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ӯро нодида мегирад.

«Ҳомиёни ҳуқуқи Мурманск ба пардохти маблағи раҳкиро ва ҳамроҳӣ кардани ӯ то шаҳри Санкт-Петербург ё Маскав омодаанд, то ки ӯро ба хонааш гусел намоянд. Айни замон ягона чизе, ки онҳо дархост доранд, тайёр кардани маълумотнома (справка) дар бораи бозгашти ӯ ба Ватан аст», - гуфта мешавад дар муроҷиатнома.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста