Раиси Ҳаракати умумирусиягии муҳоҷирони кории Тоҷикистон Каромат Шарипов дар робита ба занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав изҳор доштааст, ки ҷанҷолҳо ин ҷо муддати 5 сол идома доранд, вале то тирпарронӣ нарасида буд.
Ба гуфтаи Шарипов, коргарони оромгоҳ музди хуб мегиранд, аз ин рӯ, хоҳишмандони «зери қаноати худ» даровардани кори душвори муҳоҷирон зиёданд. Ӯ қайд кардааст, ки ин афрод асосан аз доираҳои ҷиноятпешаанд.
«Ҷанҷолҳо ин ҷо пештар ҳам буданд, вале то тирпарронӣ нарасида буд. Дар оромгоҳ асосан мусалмонон, аз ҷумла тоҷикон низ кор мекунанд. Онҳо шароб наменӯшанд ва аз субҳ то шом машғули коранд. Инҳо шахсони беҳуқуқанд, ки онҳоро мебояд аз ҳамлахои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ҳимоя намуд», - гуфтааст Каромат Шарипов.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май дар занозании оромгоҳи Хованское дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шуда, беш аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд.
Ҳамчунин доир ба ин ҳодиса вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А. ду маротиба тариқи телефон суҳбат кард.
Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъи худ иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи зодагони Қафқозро, ки дар оромгоҳи шаҳри Маскав ба муҳоҷирони тоҷик дарафтоданд, худи тоҷикон киро кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста