Дар зарфи 4 моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 14,9 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 7,9 ҳазор тонна аз 41 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (29%), Русия (20%), Покистон (8,6%), Ҳиндустон (6,8%), Дания (4,3%), Сербия (3,7%), Ҷумҳурии Корея (3,2%), Шверйтсария (3,1%), Туркия (3%), Беларус ва Озарбойҷон (2,5%-ӣ), Франсия (2,3%), Таиланд (1,8%), ИМА (1,9%), Нидерланд (1,6%) ва Эрон (1,4%) рост меояд.
Моҳҳои январ-апрели соли гузашта ба Тоҷикистон аз ҷониби 27 кишвари дунё ба маблағи умумии беш аз 14,1 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардида буд.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста