Мақомоти расмии Беларус изҳор намуданд, ки барои истеъмоли оби ҷав (пиво) дар ҷойи ҷамъиятӣ панҷ нафар донишҷӯёни соли панҷум аз Тоҷикистонро ба ватанашон хориҷ мекунанд.
Бино ба маълуомти ВАО-и Беларус бо такя ба портали people.onliner.by , барои намунаи ибрат шудани қабули ин қарор, ҳамаи донишҷӯёни хориҷии мактаби олии Гомелро дар аудитория ҷамъ кардаанд ва иқтисодчиёни ояндаро назди тахта хонда, ба онҳо қарор дар бораи тарк кардани кишвар то 17 июн ва манъи вуруд ба 1 солро қироат намудаанд.

Донишҷӯёни тоҷикро, ки панҷ сол дар Беларус таҳсил кардаанд, авали моҳи май дар назди хобгоҳ, ки онҳо муваффақона супурдани имтиҳони давлатиро ҷашн мегирифтаанд, боздошт ва сипас барои истеъмоли машрубот дар ҷои ҷамъиятӣ санади зарурӣ таҳия намуда, акнун онҳо ба хонаҳояшон бармегарданд.

Дар донишгоҳ таассуфи худро пинҳон намедоранд, зеро ин донишҷӯён муддати 5 сол рафтор ва давомоти хуб дошта, ду нафари онҳо ба аспирантура дохил шуданӣ будаанд ва аз ҳисоби худ таҳсил мекардаанд.
Дар мақомоти милитсия таъкид доштаанд, ки чандин маротиба донишҷӯён аз кишварҳои хориҷиро оид ба риояи қонунҳои маҳаллӣ огоҳ кардаанд. Барои ин амал сокинони маҳаллӣ танҳо ҷарима шуда, хориҷиён аз кишвар хориҷ карда мешаванд. Ин маросимро намоишкорона баргузор намуда, барои ибрат ба маълумоти ҳамагон расониданд, то ки воқеъият ва ҷиддӣ будани ҷазо барои ин амалро нишон диҳанд.

«Имтиҳони давлатиро супурда, хурсандона аз хобгоҳ берун шудем, - ба ёд меорад он рӯзро сокини Душанбе Муҳаммад, яке аз хориҷшудагон. - Дар даст яке шишаи дулитраи оби ҷав буд. Кормандони милитсия омада, ба шуъба бурданд, аз ҷумла ҳамкурсони беларусии гурӯҳамонро низ. Баъди чанд рӯз ба хадамоти муҳоҷират даъват намуда, гуфтанд, ки моро хориҷ мекунанд. Аз деканат миннатдорем, ки барои гирифтани дипломҳоямон вақт доданд».





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста