Анонс
- Давраи омӯзишӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаю нимапӯшидаи Тоҷикистон дар Душанбе (25-27 май, толори конфронси меҳмонхонаи «Комфорт», кӯч. Толстой 59) ба кори худ идома медиҳад. Чорабинӣ аз ҷониби Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо PRI дар Осиёи Марказӣ ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар ҳамдастӣ бо Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, бо кӯмаки молиявии Шуъбаи ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон созмон дода шудааст;
- Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи серӯзаи тиҷоративу сармоягузории Ноҳияи мухтори Нинсяи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба кор шурӯъ мекунад. Оғози маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ соати 10-00;
- Дар доираи омодагӣ ба бозӣ бо дастаи Бангладеш мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими легионерҳои дастаҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон вохӯрӣ мегузаронад. Оғози бозӣ соати 20-00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8690 сомонӣ;
1 евро – 8.7724 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1168 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
Дар Тоҷикистон Рӯзи адвокатҳо ҷашн гирифта мешавад.
1896 – Дар боғи «Эрмитаж»-и шаҳри Маскав аввалини киносеанс баргузор шуд.
1928 – Дар ҷаласаи ФИФА доир ба ҳар чор сол як бор доир намудани Чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол қарор қабул шуд.
1929 – Дар Маскав бори нахуст дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ пахши гузориши радиоии бозии футбол роҳандозӣ шуд.
2011 — Маҷлиси нахустини умумии солонаи саҳҳомони нерӯгоҳи обӣ-барқии сохташавандаи «Роғун» баргузор шуд.
1933 — Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, пофессор Хушқадам Қамариддинов.
1938 — Мавлуди доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Кенҷа Ҳасанов.
1959 – Зодрӯзи Абдуфаттоҳ Шарифзода, котиби матбуотии президенти Тоҷикистон.
1969 — Мавлуди рӯзноманигор Мавлуда Раҳматова.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, ббидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +23+28.
Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона-1+4, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16 рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +18+23.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +26+28.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста