Дар Тоҷикистон нисбат ба баҳодиҳӣ ва санҷиш (андозагирӣ)-и сатҳи камбизоатӣ тарзу меъёри нав ҷорӣ шуд, ки ба таҳқиқи буҷети хонаводаҳо дар ҳар семоҳаи сол асос ёфтааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, ин тарзу меъёр бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Департаменти Британияи Кабир оид ба рушди байнулмилалӣ таҳия гардида, нахустин методологияи миллӣ аст.
Зикр мегардад, ки иқдоми аввал барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ санҷиши он аст ва акнун ҳукумати Тоҷикистон мустақилона метавонад мизони камбизоатиро муайян кунад.
Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки камбизоатӣ дар Тоҷикистон хусусиятҳои худро дошта, ба гунаи мисол мавсимӣ мебошад, ки он дар фаъолияти мардум дар бахши кишоварзӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ, ҳамчунин дар як лаҳзаи кӯтоҳ «доро»шудани «камбизоатону» баръакси ин ҳолат ифода меёбад.
Гуфта мешавад, таҳқиқи вазъи хонаводаҳо чор маротиба дар як сол ба ҳукумат имкон медиҳад, ки шумори хонаводаҳои аз камбизоатӣ раҳоёфта ва ҳамчунин шумори хонаводаҳои ба камбизоатӣ гирифторшударо пайгирӣ намояд.
Тибқи маълумоти ахири Агентии омори назди президенти ҶТ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 37% дар соли 2012 то ба 31% дар семоҳаи сеюми соли 2015 коҳиш ёфтааст.
«Тоҷикистон бахусус ба вазъҳои ғайримунтазира осебпазир аст: аз офатҳои табиӣ дар дохили кишвар то поинравии суръати рушди иқтисод дар Русия ва кишварҳои ҳамсоя. Дар чунин шароитҳо рақамҳои дақиқ ва боэътимод хеле муҳиманд, то ки шахсоне, ки сиёсатро дар ин самт роҳандозӣ мекунанд, барномаҳои унвониро барои аҳолии бештар ниёзманд беҳтар таҳия созанд», - таъкид меозанд дар Агентӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста