Дар ҷараёни ду амалиёти махсуси мақомоти пулиси шаҳри Маскав тайи моҳи равон беш аз 5,5 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия хориҷ карда шуданд.
Бино ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, ин амалиётҳо таҳти унвонҳои «Нелегал-2016» ва «Заслон-2016» аз 5 то 25 май сурат гирифтаанд.
Зимни ин амалиёт беш аз 14 ҳазор ҳолатҳои риоя нашудани талаботи қонунгузории муҳоҷират, 6 ҷиноят дар самти ифротгароӣ ошкору ба қайд гирифта шуда, беш аз 150 ҷинояткори мавриди ҷустуҷӯи федералӣ ва байнулмилалӣ қарордошта боздошт ва фаъолияти 4 гурӯҳи этникӣ қатъ карда шудааст.
Дар доираи амалиётҳо 362 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, беш аз 14 ҳазор санадҳои маъмурӣ таҳия ва зиёда аз 5,5 ҳазор нафар аз қаламрави Русия хориҷ шудаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии парвандаҳои маъмурӣ оид ба риоя накардани талаботи қонунгузории муҳоҷират дар судҳо, қонуншиканон дар ҳаҷми беш 36 млн. рубл ҷаримабандӣ шудаанд.
Зимни баргузори амалиёти «Заслон» 893 ҷойҳои гирдиҳамоӣ (тамаркуз)-и шаҳрвандони этникӣ, 51 макони адои ғайриқонунии расму оинҳои динӣ ошкор гардида, аз рӯи 43 далели ошкоршуда адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ мусодира шудааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёт 43 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ ва маводу дастгоҳҳои тарканда ошкор ва беш аз 3 ҳазор кофтуковҳо гузаронида шуда, зиёда аз 65 ҳазор воситаҳои нақлиёт аз назар гузаронида шудаанд ва ҳудуди 2 кило маводи мухаддиру наздики 180 адад силоҳ дарёфт ва мусодира шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста