Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзиши 3 рӯза дар мавзӯи “Амалиётҳои таъҷилии табибон дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ” баргузор мекунад.
Давраи омӯзишӣ аз 1 ум то 3 юми июни соли 2016 дар шаҳри Гулистон давом карда, дар он 20 духтури амалкунанда муассисаҳои тиббии вазоратҳо ва мақомотҳои гуногун иштирок мекунанд.
Ин омӯзиш аз принсипҳои эътирофшудаи байналмилалии ташхис ва табобати фаврии пас аз ворид шудани бемор ба шӯъбаи кӯмаки таъҷилӣ асос мегирад, ки мақсади он паст намудани беморшавӣ ва фавт дар натиҷаи ҷароҳат мебошад.
Ҳадафи омӯзиш такмил ва мустаҳкам намудани донишҳои амалӣ ва назариявӣ дар баҳодиҳии фаврӣ ва дақиқи ҳолати бемор; афзалият дар усулҳои эҳё ва устувор намудани вазъи бемор; қабули қарорҳо дар сатҳи дахлдори муассисаи тиббӣ, ки барои қонеъгардонидани талаботи бемор равона шудааст; мураттабсозии тиббӣ дар ҳолати дохил шудани шумораи зиёди ҷабрдидагон.
Ҳамин гуна давраҳои омӯзиш дар моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа гузаронида шуда буданд. То ба имрӯз, ба шарофати иштирок дар чунин омӯзишҳо, ки аз соли 2014 аз ҷониби КБСС гузаронида мешаванд, дар ҷумҳурӣ 128 табибон малакаҳои худро дар амалиётҳои таъҷилии табибон дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ, такмил додаанд. Бо мақсади кам кардани дастгирии беруна, аз ҷониби иштирокчиён тренерҳои маҳаллӣ муайян карда шуданд.
Баргузории ин омӯзиш бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ имконпазир шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста