Имрӯз дар саросари ҷаҳон маротибаи 66-ум пайдарпай Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.
Чорабиниҳои ҷашнӣ дар Тоҷикистон ба ин муносибат дар Боғи кӯдакон (назди варзишгоҳи «Спартак») аз соати 08-00-и субҳ оғоз мегарданд. Ин чорабинӣ аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе созмон дода мешавад.
Директори маркази кӯдакону наврасон Комилҷон Холов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин чорабинӣ барои тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо, толибилмони макотиби пойтахт ва ҳамчунин ҳамаи кӯдакону наврасони хоҳишманд консерти кӯдакон ва намоишномаи театри лӯхтак баргузор мегардад.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин муносибат дар ҳамаи муассисаҳои томактабии кишвар таҳти унвони «Кӯдакон - ояндаи мо» чорабиниҳо доир менамояд.
Қобили зикр аст, ки Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон (International Children''s Day), ки рӯзи якуми фасли тобистон таҷлил мегардад, яке аз ҷашнҳои қадими байнулмилалӣ аст. Қарор дар бораи таҷлили онро моҳи ноябри соли 1949 Федератсияи байнулмилалии демократии занон қабул кард.
Нахустин ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон соли 1950 гузаронида шуд. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳимоя аз ҳуқуқу манфиат, ҳаёт ва солимии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ унвон кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста