Суди олии Русия бо талаби Вазорати адлияи ин кишвар масъалаи барҳам додани ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»-ро баррасӣ мекунад.
Дар изҳороти раиси ҳаракат Каромат Шарипов, ки дар сомонаи ҳаракат интишор шудаааст, зикр мегардад, ки парванда оид ба баста шудани ҳаракатро Суди олии Русия санаи 2 июн баррасӣ мекунад.
«Ман ба вохӯрӣ бо намояндагони ВАО ва пешниҳоди далелҳо омодаам, ки ба фармоишӣ будани ин мурофиа шаҳодат медиҳад, ба ифшои номи фармоишгар ҳам омодаам», - гуфтааст Шарипов.
Ба гуфтаи ӯ, «бо ҳимоя аз ҳуқуқҳои иҷтимоӣва инсонии муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия, мо сатҳи худшиносии мардуми тоҷикро баланд бардоштем».
«Мо собит сохтем, ки ҳеҷ касе моро ғулом карда наметавонад. Қонун барои ҳама якест ва бояд барои ҳама боадолат бошад. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки аз уҳдаи ин вазифаи душвор баромадем. Ба ҳамватанон изҳори миннатдорӣ мекунам, ки ба мо бовар карда, вақте мансабдорон, намояндагони мақомоти интизомӣ, корфармоён, сохторҳои ҷиноятпеша ҳуқуқҳояшонро поймол карданд, барои кумак ба мо муроҷиат намуданд. Мо дурӯғ нагуфтем, ҳақиқатро ифшо мекардем. Мо номаву муроҷиатҳои шуморо бидуни таҳриру тағйир ба чоп мерасонидем», - гуфтааст Шарипов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста