Дар ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) дар шуъбаи бемориҳои саратони Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) барои кӯдакони гирифтори бемории саратон консерт доир гардид.
Консерт бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов бо ибтикори Фонди хайрияи «Лона» баргузор гардид, ки муассиси он Озода Раҳмон мебошад.

Дар барномаи консертӣ ҳамчунин ҳунармандони театри «Лӯхтак» ва ихтиёриён низ ширкат варзида, бо суруду намоишномаҳои худ кӯдаконро табрик карданд.
«Фонди «Лона» соли 2009 таъсис дода шуда 90%-и хароҷот ба доруворӣ ва дигар эҳтиёҷотро ин фонд таъмин мекунад. Имрӯз 99 нафар кӯдакони гирифтори бемории саратон дар қайди мо мебошанд, ки ҳамаи онҳоро имрӯз ба консерт даъват кардем», - иброз дошт ба «Азия-Плюс» мудири шуъба Моҳира Умарова.


Директори фонди «Лона» Ҷӯрахон Бобохонов, ки дар консерт ҳузур дошт, иттилоъ дод, ки муддати чандин сол аст, ки онҳо бо ин шуъба ҳамкорӣ дошта, мувофиқи имкон барои муолиҷаи кӯдакони бемор кумак мекунанд. «Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки бо консерт кӯдаконро хурснад карда, табъи онҳоро хушу болида созем», - гуфт ӯ.
Дар фарҷоми консерт ба кӯдакон туҳфаҳо тақдим гардида, онҳо ҳамроҳ бо Ҷонибеку Шабнам аксҳо гирифтанд.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста