Дар бозии аввали плей-оффи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни мунтахаби футболи Тоҷикистону тими Бангладеш (5:0) мухлисони минбари шарқии Варзишгоҳи марказии Душанбе ба сармураббии дастаи футболи «Локомотив»-и Маскав Игор Червеченко, ки дар варзишгоҳ ҳузур дошт, хеле самимона изҳори дӯстдориву сипос намуданд.
«Черевченко хуш омадӣ! Мо туро дӯст медорем», - овоз дармедоданд мухлисони футбол, ки муддати тамоми бозӣ пешвои ҳаракати мухлисони мунтахаби Тоҷикистон Шуҳрат Шонов ба онҳо роҳбарӣ мекард.

Ғайр аз ин, давоми бозӣ мухлисон лавҳаеро бо акси Геннадий Черевченко, муҳофизатгари машҳури дастаи «Помир» ва падари Игор Червеченко низ дар байни минбар паҳн карданд. Қобили зикр аст, ки як рӯз қабл дар Душанбе мусобиқот миёни кӯдакон бахшида ба хотираи Геннадий Червеченко ба анҷом расид.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими Бангладеш, ки шоми 2 июн дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир гардид , футболбозони тоҷик ҳарифи худро бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 мағлуб карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста