Дар қаламрави вилояти Суғд 20 нафар муҳоҷирон, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави минтакаи шимоли ҷумҳурӣ кору иқомат доштанд, ошкор карда шуданд.
Чунинанд натиҷаҳои амалиёти махсуси «Нелегал-2016», ки аз 10 то 31 май бо мақсади ошкор сохтани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва далелҳои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкории шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби кормнадони мақомоти муҳоҷират, милитсия ва КДАМ гузаронида шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, миёни шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави вилояти Суғд кору иқомат дошта, меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистонро риоя накардаанд, 11 шаҳрванди Чин, 2 шаҳрванди Молдова, 2 шаҳрванди Ӯзбекистон, 3 шаҳрванди Беларус ва 2 шаҳрванди Украина ҳузур доранд.
Гуфта мешавад, нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистонро риоя накардаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардиданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста