Имрӯз, 7 июн соли хониши навбатӣ дар Тоҷикистон расман ба итмом расид. Чун пешин имсол дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барои хатмкунандагон «Занги камолот садо надода, хатмкунандагон бидуни чорабинии тантанавӣ аз пагоҳ ба имтиҳоноти хатм омодагӣ мегиранд.
Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 24 майи соли равон, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, сарфи назар шакли моликияташон, баргузории маросими «Занги камолот» манъ шуд.
Мувофиқи қарор, имрӯз дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон машғулиятҳо тибқи ҷадвали таълим гузаронида шуда, ҳеҷ гуна ҷамъомадҳои тантанавӣ пешбинӣ нашудааст. Масъулияти иҷрои ин фармон шахсан ба дӯши роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру навоҳӣ, директорони мактаб ва роҳбарони синф вогузор шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, соли равон дар Тоҷикистон синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумиро - 117 ҳазору 430 нафар толибилмон хатм мекунанд, ки 52,5 ҳазор нафари онҳо духтарон мебошанд. Шумори хатмкунандагони синфи нуҳи мактабҳо 166 ҳазору 663 нафар (79 ҳазору 290 нафар духтарон)-ро ташкил медиҳад.
Соли гузашта ба маросими «Занги камолот» дар мактабҳо 45 дақиқа (аз соати 8-00 то 8.45 дақиқа) бахшида шуда, дар баробари суханронии роҳбарону маъмурияти мактаб, ба толибилмон фармони вазири маориф ва илм дар бораи баргузории маросими «Занги камолот» ва имтиҳоноти хатми мактаб қироат шуд. Соли гузашта бори нахуст маросими «Занги камолот» бидуни ҳузури волидони хонандагон гузаронида шуд.
Соли чорум аст, ки чорабинии «Занги камолот»дар мактабҳои Тоҷикистон на санаи 25 май чн солҳо пешин, балқи моҳи июн баргузор мешавад. Ин қарор ба хотири иҷрои тамоми барномаи таҳсили 34-ҳафтаина қабул шуд, зеро бар асари сардиҳо таътили зимистонаи хонандагон то 1 моҳ дароз карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста