Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада рӯзҳои 2 ва 5 июни соли 2016 дар маросими анҷом ёфтани ду лоиҳа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ширкат варзид.
Маросимҳои мазкур ба хотири бомуваффақ иҷро шудани лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Мурғоб ва дар соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ роҳандозӣ гаштанд. Лоиҳаҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчубаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)” ба хаҷми умумии 201,003 доллари ИМА маблаггузорӣ гардид.
Маросими анҷоми «Лоиҳаи таъмири бинои асосӣ ва сохтмони бинои иловагӣ ба Маркази саломатии ноҳияи Мурғоб» 2-ӯми июни соли 2016 бо ҳузури оғои Мурзабай Ҷоошбаев, раиси ноҳияи Мурғоб дар якҷоягӣ бо табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дигар аъзоёни маҳалла баргузор гардид. Бо амалишавии лоиҳа, Маркази саломатӣ ҳоло қодир хаст зиёда аз 14.000 нафарро бо хизматрасониҳои беҳтар таъмин намояд. Ҳукумати маҳаллӣ ҳамчунин аз ҷониби хеш марказро бо таҷҳизоти тиббӣ муҷҷаҳҳаз гардонид.
5 июни соли 2016 дар шаҳри Хоруғ маросими анҷомёбии «Лоиҳаи барқарор намудани канали обёрии шаҳри Хоруғ» баргузор шуд. Бо татбиқи лоиҳаи мазкур, минбаъд деҳқонон барои обёри ба оби кофи дастрасӣ доранд ва аз ин рӯ метавонанд маҳсулнокии кишоварзии хешро зиёд кунанд. Оғои Шодихон Ҷамшед, Раиси ВМКБ, сипоси самимиро аз номи Ҳукумат ва мардуми шаҳри Хоруг ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии чунин минтақахои дуртасти кӯҳистонро иброз намуд.
Оғои Камада дар суханронии хеш зикр намуд, ки лоиҳаҳои бахши аъзами аҳолӣ баҳри баланд бардоштани вазъи зиндагии мардуми минтақа кумак расонда инчунин муносибатҳои дӯстонаро байни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония тақвият мебахшанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста