Рӯзи 8 июн аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 85-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Пайвандону наздикони марҳум ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Қаҳҳор Маҳкамов васият карда будааст, ки ӯро дар оромгоҳи Сари Осиё, паҳлӯи қабри ҳамсараш - Гавҳар, ки бо ҳам 64 сол зиндагӣ кардаву 4 сол қабл вафот карда буд, ба хок супоранд.
Маросими ба хок супурдани аввалин президенти Тоҷикистон имрӯз дар оромгоҳи Сари Осиёи пойтахт доир мегардад. Қаҳҳор Маҳкамов як писару як духтар дорад, ки ҳангоми марг дар сари болинаш қарор доштаанд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , исми Қаҳҳор Маҳкамов дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳам ба унвони нахустин раҳбари аввали ин кишвар, ки таҳти фишор тазоҳуроти мардум истеъфо дод, боқӣ мемонад.
Чанде қабл, санаи 16 апрел Қаҳҳор Маҳкамов 84-умин солгарди зодрӯзашро ҷашн гирифта, хабарнигори «Азия-Плюс» бо ӯ мусоҳиба ороста буд.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста