Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷану маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон барои баргузор намудани намози таровеҳ дар хонаҳо иҷозат дод. Дар ҳамин ҳол, дар хонаҳо барои баргузор намудани он то 10 нафар, аз ҷумла шахсони бемор ё калонсол, ки барои ба масҷид рафтан имкон надоранд, ҷамъ шуда метавонанд.
Сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иҷозати шифоҳист, ки бо дархости ибодаткунандагон оид ба шикояташон дар масъалаи масофаи дури ҷойгиршавии масҷидҳо, ки беморон ва шахсони калонсол барои ин масофаро тай каран душворӣ мекашанд, сурат гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бинобар сабаби мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои расмӣ, фаъолияти беш аз ҳазор масҷидҳо қатъ карда шуда, баъзе деҳаҳо умуман аз масҷид маҳрум шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои уламои Макарзи исломии Тоҷикистон бо қарори худ муқаррар намуд, ки намози таровеҳ бояд дар муддати як соат хонда шавад. Кумита аз имомхатибон даъват кард, ки мутобиқи ҳамин қарор амал намоянд.
Намози таровеҳ танҳо дар моҳи рамазон хонда шуда, пас аз намози шом ва қабл аз намози витр адо мегардад. Номи он аз калимаи «тарвиҳа» гирифта шудааст, ки маънояш истироҳат, танаффус мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста