Шабакаи давлатии иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ният дорад, ки ояндаи наздик дар ИМА бунгоҳи хабарии худро боз намояд.
Яке аз роҳбарони шабакаи «Ҷаҳоннамо» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон оид ба гирифтани розигии ҷониби ИМА ба ин иқдом гуфтушунидҳо ҷараён доранд. «Бунгоҳи хабарии шабака ба гумони ғолиб дар пойтахти ИМА- шаҳри Вашингтон боз мегардад», - гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки дар баробари пахшу инъикоси барномаҳо оид ба рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва илмиву варзишӣ, шабака ба ҳаёту фаъолияти диаспораи тоҷикон дар ИМА низ таваҷҷуҳ зоҳир карданист.
Қобили зикр аст, ки шабакаи телевизонии «Ҷаҳоннамо» моҳи ноябри соли 2008 ифтитоҳ гардида, айни замон раҳбарии шабакаро Абдумаҷид Усмонов, собиқ муовини директори телевизиони «Сафина» ба уҳда дорад, ки қаблан ба ҳайси мушвири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон низ ифои вазифа намудааст.
Нахуст минтақаи фарогири мавҷҳои шабакаи «Ҷаҳоннамо» 60%-и қаламрави Тоҷикистонро ташкил медоданд. Минбаъд пахши барномаҳои шабака тариқи моҳвораи ABS-2 роҳандозӣ гардид. Барномаҳо асосан бо забони тоҷикӣ, ҳамчунин бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ намоиш дода мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста