Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев имрӯз доир ба масъалаи ҷараёни амалисозии лоиҳаи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ва ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи такмили хадамоти обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» музокирои парлумонӣ баргузор кард.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки арзиши умумии лоиҳа 13 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, амалисозии он соли 2012 оғоз ва анҷоми он охири соли 2018 дар назар аст.
Дар музокироти парлумонӣ зикр гардид, ки дар доираи амалисозии лоиҳа қариб дар ҳамаи истгоҳҳои обуҳавосанҷии Тоҷикистон таҷҳизоти замони шӯравӣ бо нав иваз шуда, ҳамаи онҳо бо техникаи муосири компютерӣ ва шабакаи интернет таъминанд.
Дар музокирот бо изҳори таассуф қайд шудааст, ки айни замон музди меҳнати нозирон ва кормандони техникии истгоҳҳои обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ аз 270 то 290 сомониро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон 96 постгоҳи метереологӣ ва 54 истгоҳи обуҳавосанҷӣ фаъолият дошта, дар онҳо 796 кормандон машғули коранд.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои музокироти парлумонӣ ба унвони ҳукумат ва кишварҳову созмонҳои мададрасон як қатор тавсия ва пешниҳодҳо қабул шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста