Анонс

- Ба муносибати ҷашни Рӯзи Русия дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти як гурӯҳи устодони санъати Тоҷикистон доир мегардад;

- Дар ҷаласаи 49-уми Шӯрои энергетикии ИДМ дар Душанбе масоили баргузор намудани мониторинги истифода дар фаъолияти истеҳсолии низомҳои энергетикӣ баррасӣ мешаванд;

- Дар толори театри ба номи Лоҳутӣ ҳунармандони театри ба номи Маяковский спектакли «Три поросенка»-ро намоиш медиҳанд. Оғоз соати 8-30;

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8690 сомонӣ;

1 евро – 8.9266 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1192 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи кормандони саноати сабук.

2003 – Дар Душанбе маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои сафорати нави ИМА дар Тоҷикистон баргузор шуд. Арзиши лоиҳа – 63 млн. $.

2011 — Дар шаҳри Хоруғ афроди номаълум муовини раиси суди ВМКБ ва судяро лату кӯб намуда, ба биноҳои суди вилоят ва прокуратураи Хоруғ  зиёни зиёд расонида шуд.

2014 — Назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон намоиши ғайриқонунӣ доир гардида, бо боздошти якчанд нафар хотима ёфт.

1923-1979 – Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, арбоби давлатӣ Аминҷон Шукӯҳӣ (раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон).

1934 – Мавлуди адабиётшинос Ҷумъабой Азизқулов.

1936 – Зодрӯзи файласуф Тағай Раҳмонов.

1944 – Мавлуди Арбоби халқии Тоҷикистон Амонулло Қодиров.

1944 – Зодрӯзи овозхон ва оҳангсоз Абдусалом Раҳимов.

1956-1992 – Мавлуди нависанда Маҳмуд Олимӣ.

1961 – Зодрӯзи оҳангсоз ва сароянда Шералӣ Қосимов.

1962 – Мавлуди овозхон Зафар Айюбӣ.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +23+28.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19 рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.