Обуҳавошиносон рӯзҳои 15-16 июн дар ҷумҳурӣ боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва ҷоларо пешгӯӣ мекунанд.
Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки ин рӯзҳо дар қаламрави кишвар обуҳавои ноустувор ва боришоти зиёд дар назар аст, ки ба фаромадани селу ярч, сангфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис шуда метавонад.
Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо поинравии ҳарорат ба андозаи 5-7 дараҷа дар назар аст, яъне аз рӯзи чоршанбе гармии тоқатфарсо дар Тоҷикистон камтар мешавад.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар ноҳияҳои минтақаи ҷануби кишвар ҳарорати ҳаво рӯзона то 44 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 37-42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво то 36-41 дараҷа гармӣ расида, дар пойтахт рӯзона ҳарорат то 41 дараҷа гарм мешавад.
Ба сокинону меҳмонони кишвар тавсия дода мешавад, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намуда, зимни анҷом додани корҳои кишоварзӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ҳушёру эҳтиёткор бошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста