Соҳибкорони шаҳри Душанбе аз мағозаҳои худ лавҳаҳои рекламавиро барканор мекунанд. Ба аксари онҳо дар бораи зарурати пардохти маблағ барои ҷойгир кардани рекламаи беруна огоҳинома супурда шуда, барои саркашӣ аз пардохт аз 800 сомонӣ то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Мактуб бо огоҳинома оид ба пардохти маблағ барои рекламаи берунаро шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар Душанбе сарфи назар аз шакли моликият, ба ҳамаи корхонаву ташкилотҳо ирсол кардааст.

Дар мактуб зикр гардидааст, ки маблағи рекламаи беруна бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе бояд ҳанӯз аз соли 2007 пардохт мешудааст. Ба ҷуз рекламаи таъиноти иҷтимоӣ ва ҳамчунин лавҳаҳо бо номи мағозаву марказҳои хизматгузорӣ, аз ҷумла корхонаву муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, барои дигар ҳамаи лавҳаҳои рекламавӣ бо андозаи беш аз як метри мураббаъ бояд маблағ пардохт карда шавад.

Аз шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пардохти маблағи рекламаҳои зикршуда мутобиқи талаботи моддаи 14-и қонун «Дар бораи реклама» ва моддаҳои 79-81 -и қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» сурат мегирад.

«Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, барои рекламаи беруна мақомоти давлатӣ, ки онро барои иҷрои уҳдадориҳои худ ҷойгир мекунанд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рекламаи берунаи таъиноти иҷтимоӣ ва сиёсӣ доранд, ҳамчунин лавҳаҳои мағозаву дорухона, фурӯшгоҳҳо ва дигар ҷойҳо барои шинохти макони муайян бо андозаи на бештар аз 1 метри мураббаъ, ғайр аз ин, ҳама гуна рекламаи дохилӣ аз пардохти маблағ озод карда мешаванд», - гуфт манбаъ.