Дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус - шаҳри Минск анҷумани IX саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақаи АвруОсиё ҷараён дорад, ки то 17 июн идома меёбад.
Дар чорабиниҳои анҷуман мутахассисон ва коршиносони муваффақ ширкат варзида, масоили муҳими табобат ва ташхиси бемориҳои саратон ва тарзу усулҳои роҳандозии фаъолияти хадамоти саратоншиносиро баррасӣ ва атрофи дастовардҳои саратоншиносии бунёдӣ табодули назар мекунанд.
Дар анҷумани мазкур Тоҷикистонро 10 нафар саратоншиносон намояндагӣ карда, ба иштирокдорони чорабинӣ 6 маърӯзаи илмӣ пешниҳод мекунанд. Дар ҷаласаи ташкили мубориза зидди саратон директори Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнов маърӯза карда, ба ҳозирин доир ба мушкилоту дурнамо ва дастовардҳои соҳаи саратоншинсоии Тоҷикистон маълумот дод.
Тибқи пешгӯии коршиносон, давоми солҳои 2015-2025 шумори ҳолатҳои гирифторӣ ба навъҳои гуногуни бемории саратон дар кишварҳои гуногун аз 16 то 30% меафзояд. Мушкилоти ин соҳаро коршиносон маблағгузории нокофӣ барои муолиҷаи бемориҳои саратон ва ҳамчунин дар сатҳи зарурӣ таъмин набудан бо таҷҳизоти ташхис унвон карданд.
Дар доираи чорабиниҳои анҷуман ҳамчунин бо иштироки ширкатҳои муваффақи дорусозӣ ва корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ намоишгоҳ баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 6,5 ҳазор нафар гирифторони бемории саратон ошкор карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста