Анонс

- Дар суди ноҳияи Фирдавсӣ мурофиа оид ба баррасии парвандаи адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов идома меёбад;

- Дар ҷаласаи Шӯрои миллӣ оид ба рушди назди президенти Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ мешавад;

- Дар Тошканд Машварати 13-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ мекунад;

- Дар даври 1/8 финалии мусобиқаи ҷаҳонии дарёфти иҷозатнома оид ба бокс дар шаҳри Боку муштзанони тоҷик - Анвар Юнусов, Файзен Раҳматшоев ва Шавкатҷон Раҳимов иштирок мекунанд.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8685 сомонӣ;

1 евро – 8.9189 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1202 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1992 – Дар ноҳияҳои Вахш ва Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа задухӯрдҳои нахустини мусаллаҳона сурат гирифтанд, ки ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон замина гузоштанд.

2012 — Дар вилояти Ботканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистони машғули савдо дар бозори «Равоти кабуд» гаравгон гирифта шуданд.

1902-1985 – Зодрӯзи рассом, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Юсуф Рауфӣ.

1932-1996 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Юсуф Исҳоқӣ.

1941-1999 – Зодрӯзи оҳангсоз Маҷнун Баротов.

1950 — Мавлуди рӯзноманигор Турко Дикаев.

1954 – Зодрӯзи журналист, сардабири рӯзномаи «ВиД» Баҳодур Зоҳиров.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.