Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ва раиси ноҳияи Ҷайҳун Файзулло Аминзода дар маросими ифтитоҳи расмии беморхона дар деҳаи Тавилдараи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ширкат намуданд.
Беморхонаи деҳаи Тавилдара, ки сохтмонаш соли 2015 шурӯъ шудааст, лоиҳаи Гурӯҳи робита бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии назди Сафорати ИМА буда, мақсад аз он ироаи хидматрасонии тиббӣ ба тақрибан 1200 сокини ин русто мебошад, ки аксарашон аз ноҳияи Тавилдара баъд аз зилзилаи соли 2012 ба ин минтақа кӯчонида шудаанд. Беморхонаи мазкур ягона муассисае мебошад, ки ба мардуми ин маҳал хизмати тиббӣ мерасонад. Қабл аз бунёди ин иншооти нав сокинони деҳа маҷбур буданд қариб ним соат вақт барои расидан ба наздиктарин беморхонаи воқеъ дар шаҳраки Дустӣ сарф кунанд.
Зарурати беҳтар сохтани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ барои сокинони деҳоти ноҳияи Ҷайҳун дар натиҷаи омӯзиши эҳтиёҷоти онҳо аз ҷониби кормандони Гурӯҳи робита бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии назди Сафорати ИМА бо дастгирии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва намояндагони гурӯҳи рушди ноҳия ба вуҷуд омад. Омӯзиши эҳтиёҷот тавассути мулоқот ва таҳқиқу сафарҳо аз ҷониби кормандони Сафорати ИМА ва намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ гузаронда шуд.
Имсол ба ҳамкории байни ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Бунёди беморхонаи деҳаи Тавилдара танҳо яке аз лоиҳаҳои сершумор дар раванди ҳамкориҳои Ҳукумати ИМА бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифати мардуми ноҳияи Ҷайҳун мебошад. Беморхонаи мазкур намунаи воқеии тасмиму тарафдории Ҳукумати ИМА ҷиҳати расонидани кӯмаку дастгирӣ ба аҳолии осебпазири деҳоти Тоҷикистон аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста