Анонс

- Дар Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария машваратҳои сиёсӣ баргузор мешаванд;

- Дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи дубораи лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ дар масъалаи суғуртаи тиббии муҳоҷирони корӣ ва аҳли оилаи онҳо доир мегардад;

- Дар Женева Машварати ҳамоҳангсозӣ (конфронси ситодӣ) миёни котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар сатҳи баланд барпо мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8680 сомонӣ;

1 евро – 8.7154 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1 185 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи ихтироъкорон ва ратсионализаторон.

1953 – Ифтитоҳи осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар ноҳияи Ҳисор.

1957 – Ҷашнвораи нахустини ҷумҳуриявии ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.

2009 — Дар робита ба қатъи фаъолияти бозори Черкизовои шаҳри Маскав ҳудуди 10 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик бекор монданд.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.