Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақа ва кумакпуливу стипендияҳо зиёд карда мешаванд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи июн фармони дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонид.
Тибқи Фармони мазкур аз 1 июли соли 2016 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст.
Аз моҳи июли соли 2016 ҳаҷми маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ба андозаи 15%, кормандони соҳаи маорифу илм ва фарҳангу варзиш ба миқдори 20%, кормандони бахши иҷтимоӣ - 25%, нафақа - 20%, стипендияҳо - 30% боло бурда шуда, маоши ҳадди ақал аз 250 сомонии ҳозира то 400 сомонӣ (60%) меафзояд.
Барои амалисозии нақшаҳои зикргардида дар як сол 1 млрд. 323 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста